ВАРЗИШ

Акмалиддин: баъди ноҳақиҳои зиёди доварон дар ниҳоят ба орзуям расидам!

Аксарияти варзишгарон пирӯзиашонро бо шодию наъракашӣ изҳор мекунанд. Акмалиддин Каримов баръакс, баъди пирӯзӣ гирист.

Акмалиддин Каримов, барандаи чор медали нуқраи мусобиқоти ҷаҳонии самбо дар вазни то 58 кило пас аз се пирӯзӣ бар варзишгарони давлатҳои Тринидад ва Тобаго, Марокаш ва Қазоқистон ба даври ниҳоии мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон роҳ ёфт. Ӯ дар марҳилаи ниҳоӣ бар ҳарифи русаш Саян Ҳертек пирӯз шуда, медали тиллоро соҳиб гардид.

Акмалиддин акнун дар бораи гиряву вазъи онрӯзаи рӯҳияш нақл кард:

“Баъди ноҳақиҳои зиёди доварон дар ниҳоят ба орзуи деринааи худ расидам ва дигар ёд надорам, ки дар чи ҳолат будам. Ҳамин тавр, ашки чашмонам ҷорӣ шуд.

Тӯли даҳ сол ин қадар меҳнат кардам, билохира ба ин унвон  ноил шудам ва баъди қаҳрамонии ҷаҳон дар хотир надорам, чи кор кардам. Мисле ки аз ҳуш беҳуш мешавӣ, ҳамин ҳолат ба ман рӯх дод.”

Акмалиддин орзуи қаҳрамони ҷаҳон шудан дошт ва ниҳоят дар 30-солагӣ ба ҳадафаш расид.

Ӯ орзуи модари беморашро бароварда карда, баъди расидан ба манзилашон  медали тиллоро ба гардани модар овехт.

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз ӯ тавсиф мешавад, ки бо зиндагии хоксоронаву заҳамоти зиёд Акмалиддин натиҷаи дилхоҳ ба даст овард.

Маҳрам Холов

ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
Like
Love
Haha
Wow
Sad
Angry

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Хабари баъдиро пайгирӣ кунед!
Close
Back to top button