Урфу одат

Асрори дӯстатонро ҳифз мекунед? (Пурсиш)

Асроридин Холов мегӯяд, агар дӯсташ дар бораи ҷинояте гӯяд, ӯ онро пинҳон карда наметавонад ва аз ин гуна дӯст худро дур мекунад: «Лекин дӯстам дар бораи сире гӯяд, ки бо фош шуданаш обрӯяш меравад, ман онро нигоҳ медорам.»

Равоншиноси амрикоӣ Дэниел Сигел  мегӯяд, вақте шахс ба мо як сирро бовар мекунад, ӯ осебпазир мегардад. “Бинобар ин, вазифаи мо аз он иборат аст, ки қарори ӯро эҳтиром ва қадр намоем.»

Баъзан мехоҳем бо дигарон чизеро мубодила кунем, ки онҳо набояд донанд. Лозим аст, ки ба худ савол диҳем: вақте ман мехоҳам сирри ягон каси дигарро фош кунам, маро чӣ водор мекунад? Чӣ монеъ мешавад, ки ин асрорро дар гӯшаи дури хотираам гузорам ва ҳеҷ гоҳ аз ёд набарам.

Бахтиёр Комилов

ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
Like
Love
Haha
Wow
Sad
Angry

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button