ВАРЗИШ

Беш аз 20 нишони тиллои Нишона

Нишона дар шаҳри Самарқанди Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз риштаи кёкушинкай дар вазни 45 кг соҳиби медали тилло шуд. Мусобиқа рӯзҳои 5-6- уми ноябри соли 2021 доир гардид, ки дар он варзишгарон аз Тоҷикистон, Қазоқистон, Ӯзбекистон ва Қирғизистон иштирок доштанд.

Нишона Исроилова зодаи шаҳри Роғун мебошад ва дар толори варзишии муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №2  дар риштаи каратэ –до ва кёкушинкай тамрин мекунад. Ӯ давоми 5 сол аст, ки дар ин риштаҳои варзиш тамрин мекунад ва устодаш мураббии ҷавон  Мадина Саидзода мебошад. Дар толор 30 нафар тамрин мекунанд, ки 10 нафари онҳо  духтар ҳастанд.

Нишона баъди пирӯзӣ дар шаҳри Самарқанд

Нишона миёни ҳамаи онҳо бо дастовардҳояш фарқ мекунад. Ӯ дар мусобиқаҳои шаҳрию ҷумҳуриявӣ то имрӯз зиёда аз 20 медал ба даст овардааст. Давоми чанд соли охир Нишона дар мусобиқаҳои ҷумҳуриявӣ шаҳри Роғунро намояндагӣ менамояд ва ҳамеша дастовард доштааст.

Медалҳои Нишона

Бародари Нишона кӯштии миллӣ машқ мекунад. Нишона тамринҳои бародарашро дида, ба варзиш меҳраш афзун гардид ва волидонаш низ ҳамеша бо Нишона ифтихор мекунанд, ки ӯ аз мусобиқаҳо бо нишони тилло бармегардад.

Фаридун Сафарзода

ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
Like
Love
Haha
Wow
Sad
Angry

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button