Роҳкиро гарон шуд. Муҳассил чӣ бояд кунад?

Дирӯз, 10 ноябр ҳаққи роҳкиро дар хатсайрҳои шаҳри Душанбе дар ҳама навъи нақлиёт боло рафт. Барои як мусофир ба таври ғайринақдӣ тавассути автобусҳо 1,80 сомонӣ ва тариқи кортҳои яксафара 2,50 сомонӣ, троллейбусҳо ба таври ғайринақдӣ 1,50 ва тариқи кортҳои яксафара 2 сомонӣ, микроавтобусҳо 2,50 сомонӣ ва барои интиқоли як мусофир-километр тавассути воситаҳои нақлиёти кироякаш, яъне, таксӣ 3 сомонӣ муқаррар гардид.
Бинобар ин, дастрас ва истифодаи кортҳои нақлиётии нимсола ва солона барои хонандагону донишҷӯён мусоид аст. Зеро, онҳо давоми сол 9 моҳ ба муассисаи таълимӣ мераванд ва мудовим аз нақлиёти ҷамъиятӣ истифода мекунанд.
Агар давоми 270 рӯз як донишҷӯ барои рафтуомад аз як нақлиёти мусофиркаш (барои мисол: микроавтобус) истифода намояд, тибқи нархномаи нав, хароҷоти роҳкиро 1350 сомониро ташкил медиҳад ва агар аз як тараф то муассисаи таълимӣ аз ду нақлиёт истифода намояд, маблағи роҳкирои рафтубаргашт ба 2700 сомонӣ мерасад.
Дар сурати истифодаи корти нақлиётӣ хароҷоташон кам мегардад. Ҳоло арзиши тарофаҳои нимсола тибқи категорияҳо барои хонанда 220 сомонӣ, донишҷӯ- 300 сомонӣ муқаррар гардидааст ва арофаи солонаи хонанда 300 сомонӣ, донишҷӯ 520 муайян шудааст.
Муассисаи давлатии “Душанбенақлиётхадамотрасон”-и шаҳри Душанбе мегӯяд, дар асоси хулосаи шуъбаи Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе аз 06 октябри соли 2021, №233 ва муроҷиати корхонаҳои коммуналии нақлиётӣ ва ширкату ҷамъиятҳои мусофиркашонӣ фармоиши Душанбенақлиётхадамотрасон барои боло бурдани арзиши роҳкиро содир шуд.
Сомонаи шаҳрдорӣ иттилоъ медиҳад, ки давоми 9 моҳи соли ҷорӣ ҳаҷми мусофиркашонӣ дар шабакаи хатсайрҳои шаҳри Душанбе тариқи нақлиёти калонҳаҷм (автобус-троллейбус) 65,2% мусофиргардиш 55,9% ва ин нишондиҳанда дар ҷамъиятҳои нақлиётӣ (микроавтобус) мутаносибан 34,8% ва ё 44,1%-ро ташкил дод.
10 сол ҳаққи роҳкироӣ бетағйир буд
Аз соли 2011 ҳаққи роҳкиро дар шабакаи хатсайрҳои шаҳри Душанбе тариқи автобусҳо барои як мусофир 1,20 сомонӣ, троллейбус 0,70 дирам ва микроавтобусӣ 1,60 муқаррар гардида, давоми 10 сол роҳкиро хатсайрҳои автобусӣ ва микроавтобусӣ бетағйир фаъолият карданд. Танҳо дар хатсайрҳои троллейбусӣ давоми 10 сол як маротиба баландшавии ҳаққи роҳкиро аз 0,70 ҳафтод дирам то 1 сомонӣ амалӣ гардидааст.
Душанбенақлиётхадамотрасон мегӯяд, дар ин муддат болоравии арзиши нархи сӯзишворӣ ва равғанҳои молиданӣ 110%, қисмҳои эҳтиётӣ ва таркибии воситаҳои нақлиёт 90-110%, қувваи барқ 300%, нархи воситаҳои нақлиёт инчунин пардохти андозу фондҳо ва маоши миёнаи амалкунандаи кормандон нисбат ба соли 2011 ба маротиб зиёд гардидааст, ки корхона ва ширкатҳои мусофирбарии нақлиётӣ хароҷотҳои худро рўйпуш карда наметавонанд ва боиси қарздории онҳо гардида истодааст.