Маориф
Ҳуқуқ ба таҳсил кафолати конститсионист. Аксарият намедонанд (Пурсиш)

“Ҳар шахс ҳуқуқи таҳсил дорад. Таълими умумии асосӣ ҳатмист. Давлат таълими умумии асосии ҳатмии ройгонро дар муассисаҳои таълимии давлатӣ кафолат медиҳад.
Шахс дар доираи муқаррарнамудаи қонун, дар муассисаҳои таълимии давлатӣ метавонад ба таври ройгон таълими миёнаи умумӣ, ибтидоии касбӣ, миёнаи касбӣ ва олии касбӣ гирад…” ин кафолати конститсионӣ буда, дар моддаи 41-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷассум ёфтааст.
Оё ҷавонон дар ин бора медонанд?
Ба ҷавонон бо ин суол муроҷиат намудем, ки “Ҳуқуқ ба таҳсилро кадом моддаи Конситутсия кафолат додааст?»
Бахтиёр Комилов