ВАРЗИШ

Довуд дар ҳама мусобиқаҳо дастболо шудааст. Ин навраси 8-солаи шикастнопазир кист?

Довуд Шормуртазоеви 8-сола тайи ду соли охир 7 медал, 2 ҷом ва 8 ифтихорнома ба даст овардааст. Ӯ дар ҳама мусобиқаҳо оид ба Панкратион дастболо гардидааст. 

Аз 6 – солагӣ ба тамрин машғул буда, ҳоло дар вазни 24-25 кг рақобат мекунад.

“Ман рӯзи якшанбе 17- уми ояктябр дар мусобиқа иштирок кардам ва ҷойи якумро гирифтам. Ман медал, кубок, диплом ва ифтихорнома ба даст овардам.”,- бо ифтихор гуфт Довуд.

Мураббии Довуд мегӯяд, ин наврас серталош аст: “тайи 2 соли тамринаш дар мусобиқаҳои ҷумҳуриявии панкратион иштирок кард. Дар 10-12 мусобиқае, ки ӯ қувваозмоӣ намуд, дар ҳамаашон ҷойи аввалро ишғол кард. Ҳаракат мекунем, ки ба дигар мусобиқа тайёр шавад ва парчами давлатро баланд бардорад.”

“Ман аҳамият медодам, ки Довуд аз хурдсолиаш бо ҳамсолонаш кӯштӣ мегирифт. Дидам ки ӯ ба варзиш шавқ дорад ва медонистам, ки дар назди хонаи мо толори варзиш ҳаст Довудро ба он ҷо бурдам. Аз сабаби онки Довудҷон хурд буд, қариб як сол ӯро худам ба толори варзишӣ мебурдам. Баъд аз 4 моҳ устодаш ба ман гуфт, ки мусобиқаи байналмилалӣ гузашта истодааст. Агар шумо розӣ бошед, Довудҷонро ба мусобиқа барам. Дар мусобиқа иштирок карду ҷойи аввалро соҳиб шуд.”,- ёдовар шуд падари Довуд.

Қаҳрамони мо дар як ҳафта се рӯз ба варзиш машғул мешавад. Рӯзҳои дигар дар маркази забономӯзӣ забони англисиро меомӯзад.

Шамшод Шомуртазоев, падари Довуд қайд намуд, ки  пеш аз онки Довуд дар мусобиқаҳо иштирок кунад, ӯ ва бародараш, ки устоди варзиш аст, Довудро назорат мекунанд, ки кадом усулҳоро истифода меканад ва кадомашро не. «Мо ба ӯ тавсия медиҳем ва якҷоя бо Довудҷон кор мекунем,».-илова намуд падари ин наврас.

Қаҳрамони мо дар оянда мехоҳад корманди пулис ва варзишгари номӣ гардад.

Аминҷон Раҳматзода

ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
Like
Love
Haha
Wow
Sad
Angry

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button