Ҳунармандӣ

Кандакоре ки бо амалаш нашъамандиро маҳкум мекунад

Эҳсони 18-сола бо рӯйи чуб асареро кандакорӣ кардааст, ки муҳтавои он мубориза алайҳи нашъамандист. Ӯ ин асари худро дар намоишгоҳе нишон медиҳад. Бинобар ин, ҳоло ошкор намекунад, ки дар тасвири хеш чиро нишон медиҳад.

Эҳсон Назаров соли 2003 дар ноҳияи Варзоб таваллуд шуда, пас аз хатми синфи 9 ба Коллеҷи расомӣ дохил шуда, дар риштаи кандакорӣ таҳсил дорад. Эҳсон ба ин навъи ҳунар ҳанӯз аз овони кӯдакӣ рағбат пайдо карда, бо истифода аз чӯбу тахта ҳар гуна ашёҳо месохт:

«Ҳар гоҳе тариқи  телевизион ба фаъолияту рӯзгори ягон кандакор шинос мешудам ва ё маҳсули дасти онҳоро медидам, шавқу ҳавасам нисбат ба ин ҳунар дучанд мегардид. Аз ин рӯ, тасмим гирифтам, ки кандакор шавам ва хушбахтона, ин орзуям амалӣ гардид. Зеро, имрӯз кандакорӣ карда метавонам.»,- мегӯяд Эҳсон.

Ҳоло Эҳсон донишҷӯи соли 3-юми Коллеҷи расомӣ ба номи М. Олимов буда, бо фарқ аз ҳамкурсонаш дар дарсҳои амалӣ фаъол аст. Номбурда маҳсули дасташро дар чандин озмун ба намоиш гузошта, соҳиби ҷоизаву ифтихорнома гардидааст.

Инҳо маҳсули дасти Эҳсон ҳастанд
 

Ӯ мехоҳад пас аз хатми коллеҷ дукони шахсии худро боз намуда, зиндагии хешро аз рӯйи ин ҳунар, ки ба дилаш наздик аст, чархонад.

Кандакорӣ аз ҳунарҳои маъмулу қадимаи мардуми тоҷик ба ҳисоб рафта, он дар ороиши бино, истеҳсоли ашёву анҷоми рӯзгор истифода мешавад.

Баҳрулло Маҳмадшариф

ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
Like
Love
Haha
Wow
Sad
Angry

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button