Ҳушдори КҲФ: барфу борон

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Тоҷикистон бо истинод ба маълумоти Агентии ҳавошиносии кишвар иттилоъ медиҳад, ки рӯзҳои 4-5 ноябри соли равон дар водиҳо борон, дар ноҳияҳои кӯҳӣ дар баландиҳои бештар аз 200 метр барфи тар меборад. Дар баъзе ҷойҳо барф ба шиддат борида, дар баъзе ноҳияҳо шамол бо суръати то 13-18 метр дар як сония мевазад.
4 ноябри соли 2021 дамои ҳаво рӯзона аз 7 то 10 дараҷа поин рафта, рӯзҳои 5-6 ноябр дар баъзе ноҳияҳо, ба истиснои ВМКБ туман мефарояд.
Дар ноҳияҳои кӯҳии тобеи марказ эҳтимол ҳавои торик мушкили дидро ба вуҷуд орад.
КҲФ даъват намудааст, ки ҳангоми истифодаи роҳҳои кӯҳӣ эҳтиёткор бошанд, аз рафтан ба минтақаҳои хатарнок худдорӣ намоянд, ҳангоми иҷрои корҳои кишоварзӣ дар доманакӯҳҳо ва навоҳии кӯҳистонӣ, аз чаронидани чорво дар чарогоххои куҳӣ муваққатан худдорӣ намоянд.
Дар ин гуна рӯзҳо рафтан ба кӯҳҳову доманакӯҳҳо барои ҷамъоварии ҳезум ва моҳидорӣ дар соҳили наҳру кӯлу рӯдхонаҳо тавсия дода намешавад.