ВАРЗИШ

Сомон роҳхати мусобиқаи AJP TOUR-ро ба даст овард

Сомон Турсунзодаи 9-сола ба мусобиқаи байналмилалӣ AJP TOUR роҳхат ба даст овард.

Сомон ҷиҳати ширкат дар мусобиқаи байналмилалӣ AJP TOUR оид ба Ҷиу Ҷитсу, ки 14 ноябрисоли 2021 дар шаҳри Абудабии давлати Арабистони Саудӣ баргузор мегардад, роҳхат дорад.

Сомон ҳоло чемпиони Тоҷикистон дар риштаи Ҷудо ва Ҷиу-Ҷитсу мебошад.

Бо вуҷуди онки вазни рақибонаш аз ӯ бештар буданд, Сомон моҳи октябр тавонист онҳоро шикаст диҳад ва ба мусобиқаи байналмилалӣ роҳ ёбад.

Сомон Турсунзода, сокини ноҳияи Варзоб буда, аз хурдсолӣ дар мусобиқаҳои кӯштии миллӣ низ ширкат ва бо чолокию маҳорати хоссааш аз ҳамсолонаш фарқ мекард. Сомон бо вуҷуди синни камаш даҳҳо ҷоизаву ифхтихорнома ба даст овардааст.

Сомон бо падараш
 

Ҳоло ҷиддӣ тамрин дорад ва умедвор аст, ки дар мусобиқаи байналмилалии Абудабӣ муваффақ гардида, бо медали тилло бармегардад.

Маҳрами Хол

ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
Like
Love
Haha
Wow
Sad
Angry

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button