Китобҳои электронӣ зиёд шудаанд. Хонандагон чӣ?

Талабот ба китобҳои электронӣ ва дархостҳои зиёд аз хориҷ масъулини Китобхонаи миллиро водор кардааст то ба онҳое ҳам иҷоза диҳанд, ки узви ин китобхона нестанд.
Акнун ҳар кас метавонад бидуни рафтан ба китобхона тариқи сомонаи nlt.tj дастрасӣ ба китобҳои электрониро пайдо кунад.
Масъулини китобхона мегӯянд, озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” ва пандемияи COVID-19 шумораи истифодабарандагони махзани электрониро аз дохилу хориҷ бештар намуд.
Ба гуфтаи Ёқуб Бобохонов, масъули китобхонаи электронии Китобхонаи миллии Тоҷикистон ин омилҳо қаблан пешгӯӣ намешуданд:

“Ҳоло шумораи онҳое ки худро дар сомонаи nlt.tj ба қайд гирифтаанд ба беш 340 ҳазор расидааст. Омори боздидкунандагон ва истифодабарандагони сомона моҳона аз 120 то 150 ҳазор аст. Тибқи додаҳои сомона бештар китобҳои бадеӣ ва дарсӣ боргирӣ мешаванд.”,- мегӯяд ҷаноби Бобохонов.
Ин дар ҳолест, ки дар 4 моҳи соли 2020 аз махзани электронии Китобхонаи миллии Тоҷикистон ҳудуди 30 ҳазор хонанда истифода кардаанду халос.
Дар ҳамин ҳол Шамшод Ғозиён, масъули Толори хониши электронии КМТ мегӯяд, тибқи нишондодҳо бештар нафароне, ки аз китобҳои электронӣ истифода мекунанд, ба адабиёти илмҳои техникӣ таваҷҷуҳ доранд:
“Аз рӯйи омори барномаи мо, онҳое ки аз Толори хониши электронӣ мавод дастрас мекунанд, аксарашон марбут ба илмҳои техникӣ ҳастанд. Корбарони Китобхонаи электронӣ хеле афзудааст. Масалан, дар рӯз мо ба 200-300 нафар аз ҳамин толор китобҳои электронӣ дастрас мекунем. Дар вақти имтиҳонҳо теъдодашон то 500 нафар мерасад.”

Ба иттилои Шамшод Ғозиён, феҳристи тамоми китобҳои маҳфуз дар ин китобхона ба шакли электронӣ дастрас буда, вақти хонандагонро ба маротиб сарфа мекунад.
Китобхонаи электронии КМТ соли 2017 фаъол шуда, махзани маълумотии он дар сомонаи nlt.tj ҷойгир шудааст. Дар маҷмӯъ, бойгонии электронӣ 328 ҳазор китоб бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ дорад. Ҳудуди 110 ҳазор китоб бо забони тоҷикӣ будааст.
Бино ба маълумоти масъулин аксарияти онҳоро кормандони бахши автоматикунонии КМТ ба шакли электронӣ гардонидаанд ва ҳамаи ин китобҳо дар истифодаи озод қарор доранд.
Бештари китобҳо дар шакли PDF буда, тариқи телефони мобилӣ низ мешавад мутолиа кард.
Агарчи Китобхонаи миллӣ махзани бузурги китобҳои электрониро дорост ва раванди электронисозии китобҳои чопӣ дар ин китобхона бо суръат ҷараён дорад, аммо корбарони онлайнии сомонаи nlt.tj аз баъзе норасоиҳо мегӯянд.
Хулоса эродҳо аз инҳо иборатанд:
- Ҳаҷми баъзе аз китобҳои электронии КМТ нисбатан зиёданд, ки боргирӣ ва истифодаи онҳоро дар компютер ва телефон мушкил мегардонад;
- Замимаи мобилии китобҳои электронӣ бо тамғаи КМТ дар платформаҳои Play Market ва Itunes store ба назар намерсад;
- Шакли электронии рисолаҳои диссертатсионӣ дар ин махзани электронӣ мавҷуд нест;
- Сохтори пойгоҳи маълумотии nlt.tj бояд такмил ёбад.
Вобаста ба ин эродҳо Ёқуб Бобохонов, масъули китобхонаи электронии Китобхонаи миллии Тоҷикистон мегӯяд:
- Дар воқеъ ҳаҷми баъзе китобҳои электронӣ нисбатан зиёд аст, аммо инҳо китобҳое ҳастанд, ки солҳои аввали автомакунонӣ электронӣ шудаанд. Мо низ ба масъала дар солҳои ахир таваҷҷуҳ кардем, ҳоло ҳаҷми онҳо бо роҳҳои гуногун хеле кам дорем:
- Мо аллакай дар пасманзар(фон)-и китобҳои электронӣ нишони тамғаи КМТ-ро мегузорем, ки барои ҳифзи ҳуқуқи муаллифӣ муҳим аст. Пешниҳод кардани китобҳои элетронии базаи маълумотии Китобхона дар шакли замимаҳои мобилӣ дар платформаҳои Play Market ва Itunes store ба мо зиёд мерасад. Дар ин бора дар оянда тасмим гирифта хоҳад шуд.
- Рисолаҳои диссертатсионии зиёде дар КМТ маҳфузанд, мо электронисозии онҳоро ба нақша гирифтаем. Дар мавриди чӣ тавр дастрас шудани онҳо раҳбарият тасмим мегиранд. Бо таваҷҷуҳ ба таҷрибаи кишварҳои дигар шояд баъзе диссертатсияҳо пулакӣ пешниҳод шаванд. Дар баробари ин, садҳо ҳазор номгӯйи китобҳо электронӣ хоҳад шуд. Умедворем, оянда ин раванд суръати бештар пайдо кунад.
- Сохтори пойгоҳи маълумотии nlt.tj пайваста такмил меёбад.

Ҳоло Play Market ва Itunes store садҳо китобҳои тоҷикӣ дастрасанд. Неъмат Салимзода, ҳаммуассис ва созандаи сомонаи kitobisabz.tj мегӯяд, КМТ бо назардошти махзани бойи китобҳои электронӣ имконоти зиёдеро дар ихтиёр дорад, муҳим механизме ҳаст, ки сари он фикр бояд кард. Ба ақидаи Неъмат Салимзода, “КМТ дар ин замина хизмати бузург кард. Дар истифодаи озод гузоштани садҳо ҳазор китоб ба маънавиёти ҷомеа ва контенти тоҷикии интернетро ғанӣ месозад. Дар баробари ин, ҷойгир кардани номгӯйи зиёди китобҳо дар Play Market ва Itunes store дар қолаби замимаҳои қуллай муштариёнро ба маротиб афзоиш медиҳад.”
Ҳарчанд оммавияти интернетро василае барои дур шудани ҷавонон аз китоб маънидод мекунанд, вале мисолҳои боло исботи он аст, ки дар шароити ҷаҳонишавӣ интернет василаи васли ҷомеа бо китоб буда метавонад.
Фирдавси Низом, рӯзноманигор