CAPTION ВИДЕОИСТЕЪДОД

Азам бо карикатураҳояш ҷомеаро ислоҳ карданист (Видео)

Азам Мирзонаҷотов карикатуракашӣ намуда, аз ин тариқ мушкилоти ҷомеаро нишон дода, қарзи шаҳрвандии худро адо месозад.

Номбурда ҳоло дар Instagram саҳифаи “Rapsak”-ро мудирият намуда, тавассути он карикатураҳои зиёди инъикоскунандаи мушкилоти ҷомеаро таҳия ва нашр мекунад.

Азам даврони мактабхонӣ низ зимни мубоҳисаҳо  миёни ҳамсинфон кӯшиш мекард, ки мавқеашро бидуни сухан бо як расм ё карикатура иброз намояд.

Ҳоло ҳадафаш аз карикатуракашӣ нишон додани мушкилоти ҷомеа буда, мехоҳад то ҳадде барои тағйири афкор, рафтор ва кирдори мардум мусоидат кунад.

Қаҳрамони мо аз аввал намехост худро ҳамчун карикатуракаш муаррифӣ кунад, зеро, касбу кори дигар дорад ва аз ин сабаб номи саҳифаашро дар Instagram  Rapsak гузошт, ки бо забони шуғнонӣ маънои рӯбоҳро дорад. Ӯ тавассути ҳамон рубоҳ мушкилоти ҷомеаро нишон доданӣ буд, вале дар ин асри техналогия худро пушти “рубоҳ” пинҳон карда натавонист.

Дар акс Азам Мирзонаҷотов

Ин карикатуракаши ҷавон мегӯяд, мавзӯи карикатураҳояшро бештар аз шабакаҳои иҷтимоӣ пайдо мекунад. Барои таҳияи тасвирҳо аз 10 дақиқа то 4-5 рӯз вақт сарф менамояд.

Ӯ аввалҳо дар рӯйи коғаз ва ҳоло бо барномаи махсус тасовирашро дар планшет меофарад.

Азам мегӯяд, муҳим нест, ки рассомони ҷавон рӯйи коғаз ё тариқи барномае тасовир мекашанд, балки муҳим завқ аст то ҳадаф ба аудитория расонида шавад.

Азам нақшаи аҷибе дорад ва зиёд мехоҳад онро амалӣ намояд. Ӯ ният дорад, ки барои дигар кардани рафтор, гуфтору кирдори сокинон ва меҳмонони пойтахти кишвар карикатураҳои махсус офарад ва дар кӯчаҳо насб кунад то бархе дар онҳо худро бубинанд ва аз корҳои бад ҳазар кунанд.

Дар акс Азам бо Сафири ИМА дар Душанбе Ҷон Марк Поммершайм

“Агар ҳоло дар кӯчаҳои шаҳри зебои Душанбе чанде аз карикатураҳоямро бо ҳар тарз насб кунем, каме ҳам бошад барои беҳтару хубтар шудани гуфтору рафтори баъзе аз сокинони пойтахт мусоидат мекунанд.”,-мегӯяд Азам.

Ҳоло Азам аз ин кораш суди моддӣ ба даст намеорад: “суде аз карикатуракашӣ надорам, вале фоидаи маънавии ниҳоят зиёд мегирам. Ман бо нишон додани мушкилоти ҷомеаи худ, ки рӯзе онҳо роҳи ҳалли худро меёбанд дар назди атрофиёнам, дар назди фарзандону аҳли оилаам ва аз ҳама муҳим дар назди виҷдонам ором мешавам, ки аз ин дида фоидаи бузургтаре нест!”

Агарчи ҷомеа танқидро таҳаммул надорад, вале то ҳол карикатураҳои Азам барояш дардисарсоз нашудаанд.

Карикатуракашӣ манбаи даромади Азам нест, балки ин хобӣ ва кори дӯстдоштааш мебошад.

Ӯ дар Маскав мактаби олиро бо ихтисоси дизайнери либос хатм намуда, ҳоло аз рӯи ихтисосаш кор мекунад.

Ҳ. Тоҳирӣ

ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
Like
Love
Haha
Wow
Sad
Angry

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button