Театр

Партовгул-бузургтарин лӯхтак аз партовро кӣ сохт?

Бобоҷон Ашуров тӯли 16 соли фаъолият дар Театри лӯхтак зиёда аз 400 лӯхтак сохтааст.

Ӯ дар лӯхтаксозӣ аз ашёи нолозим истифода мебарад. Лӯхтаки бузуртарини сохтааш 5 метр қад дорад ва дар он 25 метр матоъ сарф шудаст.

“Ин лӯхтакро “Партовгул” ном гузоштем. Зеро дар сохтани он аз ашёҳои нолозим истифода кардем.”,- гуфт Бобоҷон Ашуров.

Омадани як ҳайате аз ин театр ба Донишкадаи ҳунарҳои зебо, ки он замон Бобоҷон донишҷӯ буд, ӯро ба ин театр ҷалб кард.

Дар ибтидо қаҳрамони мо барои тамошои намоишномаҳои театрӣ мерафт. Зеро, дар факултаи театр ва кино таҳсил мекард:

“Вақте ки донишкадаро хатм кардам, ба театр ҳамчун ҳунарманд омадам. Дар аввал дар намоишномаҳо нақш меофаридам. Баъдтар хостам худро дар лӯхтаксозӣ имтиҳон намоям. Аз соли 2005 инҷониб ман ба лӯхтаксозӣ машғул ҳастам”, — иттилоъ дод Бобоҷон.

Дар ин муддат ӯ ба ин ҳунар чунон меҳр бастааст, ки лӯхтаҳои шабеҳи ҳунармандони театрро ҳам месозад. Дар театр 4 навъ лӯхтак истифода мебаранд, ки Бобоҷон аз ӯҳдаи омода кардани ҳамаи онҳо мебарояд.

Қаҳрамони то ҳол шогирд надорад: “то ин вақт назди ман чанд нафар омада буд, вале вақте мефаҳманд, ки ин ҳунар мушкил аст, дигар идома намедиҳанд.”

Бобоҷон Ашуров аспак ва пойи чӯбин низ месозад, ки дар ҷашну намошномаҳои бузург истифода мешавад. Як пойи чӯбинро давоми 10 рӯз омода мекунад.

“Танаи аспро аз ҳафт қабат қоғаз ва сарашро аз пластилин омода мекунам. Тақрибан як аспак 5 кг вазн дорад”,-нақл мекунад Бобоҷон.

Бобоҷон мегӯяд, барои лӯхтаксоз шудан бояд аз ӯҳдаи дӯзандагӣ ва  рассомӣ баромад. Ҳамчунин барои лӯхтаксоз донистани риёзӣ хеле зарур аст.

Аминҷон Раҳматзода

ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
Like
Love
Haha
Wow
Sad
Angry

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Хабари баъдиро пайгирӣ кунед!
Close
Back to top button