Довталабон

Сулҳ неъмати бебаҳост! (Озмун)

Сомонаи ҶОМ барои таҳким ва ташвиқи Сулҳ миёни ҷавонон озмунеро бо номи “Сулҳ неъмати бебаҳо” эълон менамояд!!!

Шартҳои озмун:

  • иштирокчии озмун то 25-сола бояд бошад;
  • иштирокчии озмун метавонад дар ҳар се бахш: подкаст, маводи видеоӣ ё қиссаи ҷолиб (як матлабӣ) пешниҳод намояд;
  • подкаст, маводи видеоӣ ё қиссаи ҷолиб бояд бозгӯкунандаи Сулҳ ҳамчун неъмати бебаҳо бошад;
  • иштирокчӣ бояд узви ҶОМ дар шабакаҳои иҷтимоӣ: Facebook Instagram Twitter гардида, матлаби хешро (подкаст, маводи видеоӣ, қиссаи ҷолиб) тариқи ин cаҳифаҳо аз санаи 15 то 25 сентябри 2021 бо ишораи #jom.tj ба иштирок гузорад;
  • маводҳои ҷавобгӯ ба талаботи сомонаи “jom.tj” аз шабакаҳои иҷтимоӣ гирдоварӣ ва дар бахши “Сулҳ неъмати бебаҳо” бознашр мегарданд;
  • аъзои ҳакамон маводи бештар писандида ва бознашргардидаро муҳокима ва ғолибро эълон менамоянд.

Ғолибони озмуни “Сулҳ неъмати бебаҳо” бо мукофот қадрдонӣ мегарданд:

  • Барои беҳтарин подкаст;
  • Барои беҳтарин маводи видеоӣ;
  • Барои беҳтарин қисса.

Маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибон 30 сентябри соли 2021 дар назар аст.

ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
Like
Love
Haha
Wow
Sad
Angry

2 Шарҳ

  1. Салом мо чихел фаҳмем ки дар озмуни Сулҳ неъмати бебаҳо ғолиб омадем ё не

    1. Салом Шаҳром,
      Ҳатми дар саҳифаҳои иҷтимои ва дар худи сомонаи jom.tj эълон мешавад.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Хабари баъдиро пайгирӣ кунед!
Close
Back to top button