
Рустам Орифӣ аввалин эҷодкорест, ки нашри комикси тарбиявиро дар Тоҷикистон бо номи “Одамкитоб” ба роҳ мондааст:
“Аз хурдӣ ба эҷодкорӣ шавқ доштам. Вақте 18-сола шудам, аввал комиксамро бо номи “Ҷаҳонро нигар бо чашми хирад”,-мегӯяд Рустам.
Нахуст комиксашро падари хонадон дид ва “намешавад”-гӯён, дигар таваҷҷӯҳ накард. Рустам рӯҳафтода нагардида, ба модар нишон дод. Ӯ низ як назар карда, чанд эрод гирифт. Бо ҳамин, оташи қалби қаҳрамони мо якбора хомӯш шуд.
Рустам баъди хатми донишкада ба Муассисаи давлатии “Тоҷикфилм” ба кор омада то зинаи коргардонӣ расид. Ӯ саъю талош мекард то лоиҳае омода созад. Аммо ҳар дафъа кӯшишҳояш бебарор анҷом меёфтанд.
“Бо вуҷуди онки маош намегирифтам, аз корам розӣ будам. Зеро, корамро дӯст медоштам. Аммо нофаҳмие дар коргоҳ сар заду боиси дилсардиам гардид.”,- ба ёд меорад ӯ.
Рустам барои амалигардонии ниятҳояш ба мақомоти дахлдор нома навишт то шароит фароҳам оваранд, ки соҳаи комикс ва филмофарии аниматсониро дар кишвар рушд диҳад. Аммо он мактуб аз чанд ниҳод гузашта, боз ба дасти роҳбарияти коргоҳ омад. Роҳбарият ӯро сарзаниш карда, аз кори бемузд озод карданд.
Рустам роҳ сӯйи муҳоҷират пеш гирифт. Дар Русия, саҳфаи нави зиндагиашро боз кард. Сари чанд вақт идеяҳои ҷолиб ба сараш меомад, аммо бетаваҷҷуҳӣ мекард.
“Боре сари миз бо ҳамкорҳо нишаста будам, ки яке аз онҳо фиттаи филми тоҷикиеро пайдо карду ба тамошо даъват кард. Ҳама ба телевизион таваҷҷуҳ кардем. Ончи дидем, на филм буд, на намоиш. Нишастагон механдиданд, ман аз шарм сурх мешудам.”, —ба хотир овард Рустам Орифӣ.
Маҳз ин воқеа сабаб гардид, ки ӯ дубора барои амалӣ кардани орзуҳои хеш рӯй орад. Шабу рӯз меҳнат карда, аз ҳисоби музди меҳнат камераи хурди наворбардорӣ харид.
Ҳатто давоми якуним соли муҳоҷират филми кӯтоҳметраже ба навор гирифт, ки дар аввал баҳсу мунозираҳои шадидеро ба миён оварда, дар охир ба ҷоизаи байналмиллалӣ қадрдонӣ шуд
“Филми нахустинам—“Мӯрча”-ро сабт карда, ба танзим даровардам. Давомнокии он 27 дақиқа буда, ҷаҳонро аз чашми мӯрча нишон медод.”
Рустам бо лабханд иброз медорад, ки “мӯрча нашуд, бало шуд.” Зеро, бисёриҳо сахт танқид карда, гуфтанд, ки беҳтараш аз баҳри ин филм барояд.
“Ту медонӣ, ки чӣ коре кардӣ? Бузургон-шоирону олимонро бо мӯрча баробар кардӣ. Барои ин кор ба ҷавобгарӣ кашидан мумкин. Беҳатараш аз корат даст каш!
Ғайричашмдошт, филми мазкур дар бахши “Беҳтарин кори коргардонӣ”-и Фестивали байналмилалии Қазоқистон сазовори ҷойи якум гардид ва бо Диплом сарфароз шуд.”,- нақл мекунад Рустам.
Ин дастовард Рустамро хушҳол намуд ва ҷиддан пайи амалӣ намудани орзуҳояш тела намуд:
“Нашри комикси “Одамкитоб” ё “Bookmаn” аввалин қадами ман дар ҷодаи амалӣ намудани орзуҳоям шуд, ки хушбахтона, имсол ҷомаи амал пӯшид.”, -хушҳолӣ мекунад Р. Орифӣ
Ин нахустин комикси тоҷикӣ буда, қаҳрамон комилан аниматсионӣ ва тахайюлист. Рустам донишу малкаи худро сарф намуд то қаҳрамони мазкурро офарад. Вай сурату сират ва хислати қаҳрамонашро кайҳо дар ниҳоди хеш мепарварид. Мақсади қаҳрамони мо натанҳо хушҳол намудани кӯдакон, балки тарбияи онҳост.

Ӯ “Одамкитоб”-ро 40 бор таҳрир карда, бо теъдоди 2000 нусха ба табъ расонид. Барои нашри он 30000 сомонӣ маблағ харҷ намуд, аммо фоидае ба даст наовард. Вале орзуи замони кӯдакиашро ҷомаи амал пӯшонид.
Ҳоло қаҳрамони мо шумораи навбатии “Bookmаn”-ро омода карда истодааст. Ҳамчунин, дар “Студияи кӯдакон ва наврасони аниматсия, кино ва комикс-“Cartoon & Movie” ба хоҳишмандон кашидани комиксро меомӯзонад.
Рустам Орифӣ мегӯяд, мо бояд ҳамқадами замон бошем ва аз роҳи интихобкарда мунсариф нагардем.
Боварӣ дорем, ки ӯ дар ин ҷода муваффақ мешавад ва қаҳрамони аниматсионии офаридааш-“Bookmаn” дар радифи “Марвел” ё “Человек паук” дар зеҳни ҳар кӯдак нақш мебандад.
Амони Муҳаммад