
Як ҷавони 28-солаи сокини ноҳияи Ҷалолиддини Балхии вилояти Хатлон аз оҳанпораҳои нолозим дучарха ва гитару мототсикл сохтааст. Дучархаи офаридаи ӯ аз дучархаҳои маъмулӣ бо сохт ва тӯл фарқ мекунад, ки мардум бо дидани он дар ҳайрат мемонанд ва ба ин маҳсулаш харидор низ пайдо кардааст.
Ин нафар Одилҷон Ашуров буда, аз хӯрдӣ орзуи доштани мототсикл мекард, вале тавони харидани онро надошт. Ӯ мегӯяд, дучархаеро офарида то ҷойе орзуи овони кӯдакиашро амалӣ кард. Дучархаи Одилҷон Ашуров беш аз се метр тӯл дошта, мисли мошин чароғ дорад, ки шаб бароҳат аз он истифода кардан мумкин аст.
“Вақте дар кӯча ҳастам ё ба маркази ноҳия меравам, мардум аз ман мепурсанд, ки инро аз куҷо харидӣ. Мегӯям, ки офаридаи худам аст, онҳо чандон бовар намекунанд. Хоҳиш карданд, ки онро фурӯшам, вале рад кардам. Фармоиш шудааст, ки бояд чанд адади дигар созам.”,-нақл мекунад Одилҷон Ашуров.
Одилҷон мегӯяд, ҳоло дар ягон минтақаи Тоҷикистон чунин сохти дучархаро надидааст ва маҳсули дасташ дар Тоҷикистон ягона аст. Ин аз дучархаҳои маъмулӣ натанҳо бо намуди зоҳирӣ, балки бо сифат низ фарқ мекунад.
Одилҷон ба ҷуз дучарха, инчунин мототсикл ва гитори оҳанин низ сохтааст. Дар роҳ ҳар оҳанпорае аз боқимондаҳои дучарха пайдо кардааст, онро ба хона оварда, гитор сохтааст. Аввалин гитори сохтаи Одилҷон Ашуров дар меҳмонхонаи марказии ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ нигоҳ дошта мешавад.
“Дар ноҳия чорабинӣ шуд ва ман ҳам мисли дигарон офаридаҳоямро ба намоиш гузоштам. Масъулини меҳмонхона хоҳиш карданд, ки гиторро ба онҳо ҳадя намоям. Зеро, онҷо меҳмонони хориҷӣ зиёд меоянд ва чунин чизҳоро ба онҳо муарифӣ мекунанд”,— ба ёд меорад О. Ашуров.
Мототсикли сохтаи қаҳрамони мо хеле хурд аст, мегӯяд, ки талош дорад дар оянда онро дар шакли бузург бисозад то ҳаракат кунад.
Одилҷон Ашуров дар хона навоварӣ мекунад, агарчи дар шароити хона ихтироъкорӣ кори чандон осон нест. Ӯ идеяҳои нав ва тавони офаридани онҳоро дорад, вале шароити молӣ имкон намедиҳад, ки ин идеяҳоро пайгирӣ ва амалӣ намояд.
Амонҷон Муҳиддинов