Робия аз латтапораҳои нолозим қолин мебофад

Як зани нафақахӯр бо ташкили маҳфили ҳунаромӯзӣ ба занони бекор ёд медиҳад, ки чӣ гуна аз латтапораи нолозим қолинчаҳои гуногунҳаҷм бофанд.

Робия Ӯғлонова як ҳунарманди 64-солаи ноҳияи Ашт бофтани қолинчаҳои зеборо ба занону духтарони бешуғли деҳот ёд медиҳад. Ӯ мегӯяд, чунин латтапораҳоро одатан занон мепартоянд, аммо аз чунин ашёи хом маҳсулоти барои рӯзғор зарурӣ бофтан мумкин аст:

-Ман барои бекор намондани духтарон латтапораи кӯҳнаро бофтам то онҳо ҳавасманд шаванд. Ҳам хонаҳо аз чунин латтапораҳо пок ва ҳам ашёи хом ройгон ба даст меояд. Духтаронро ба хонаи худам ҷалб карда, ин корро ёд додам, ки ҳунарманд шаванд. 

Ин ҳунарманд аз ҷамоати деҳоти Пунуки ноҳияи Ашт аст. Деҳаи Пунук охирин деҳаи шимолии Тоҷикистон буда, занони бешуғлу  хонашин дар ин ҷо кам нестанд.

Панҷ сол пеш Робия Ӯғлонова ба хотири ҷалби занону духтарони бешуғл маҳфили бофандагии хонагиро таъсис дод ва дар ин муддат вазъи молиявии даҳҳо занро тағйир дод: 

 -Он чизе, ки ман аз латтапораҳо мебофам, қолинча барои мағоза, мошину даромадгоҳи хонаи одамон аст. Ҳоло духтарон ҳунари маро бинанд худашон омада хоҳиш мекунанд то ба онҳо омӯзонам. Ба бисёр кас ёд додам ва ёд дода истодаам. Ман ба 64 расидам, бо вуҷуди пир шудан мехоҳам то чашмам бино аст ба духтарон кӯмак кунам ва аз худ меросе гузорам.

Давоми панҷ сол аст, ки Робия Ӯғлоноваи бознишаста дар хонаи худ курсҳои кӯтоҳмуддат ташкил намуда, ба занону духтарони оилаҳои камбизоату аз таҳсили олӣ дурмонда ҳунари бофандагиро меомӯзонад. Ӯ дар фасли зимистон дар деҳаи Пунуки ноҳияи Ашт ва дар тобистон дар шаҳраки Наугарзани шаҳри Гулистон (собиқ Қайроққум) бо ташкили курсҳои семоҳаи кӯтоҳмуддат ба занон ҳунар ёд медиҳад. Марказҳои касбу ҳунаромӯзии шаҳри Гулистон ва ҷамоати Гулшани ноҳияи Ашт ба иштирокчиёни ин маҳфили бофандагӣ идрорпуливу ҳуҷҷат медиҳад:

 -Давоми панҷ сол ман 45 шогирд аз деҳаи Пунук ва 30 шогирд дар шаҳраки Наугарзан омода кардам. Ба ҳамаи онҳо идрорпулӣ (стипендия) ва ҳам сентификат додем.

Дар ин маҳфили бофандагӣ аз латтапораҳо гардановезу сарпӯш, нимостин, ҷувздон  ва дигар ҷиҳози рӯзғор мебофанд. Робия Ӯғлонова гуфт, 8 сол пеш шавҳараш дар як ҳодисаи нохуш дар Русия вафот кард ва ӯ дар хона танҳо монда, ба ҳунар рӯй овард. Фарзандонаш низ ҳама дар Русияву дигар шаҳрҳои Тоҷикистон аз ӯ дур зиндагӣ мекунанд: 

 -Танҳо мондам бо ҳамин ҳунар банд шуда худамро ором ҳис кардам. Бисёр азоб мекашидам, лек ба ҳеҷ кас гуфта наметавонистам. Бо ҳамин ҳунарам худамро худам таскин дода то имрӯз кор карда меоям. Мехоҳам занони дучори мушкил барои оромии равони хеш ва беҳтар шудани зинагияшон ҳунар омӯзанд.

Ин ҳунарманд мехоҳад бо омӯзонидани даҳҳо зани дигар вазъи молиявии онҳоро беҳбуд бахшад.

Ҳалим Ҷураев

ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
Like
Love
Haha
Wow
Sad
Angry
Back to top button