Офтоб деҳаи Роғро рӯзу шаб равшан мекунад

Деҳаи Роғи ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ, ки яке аз рустоҳои дурдасти кӯҳӣ маҳсуб мешавад ва сокинонаш барои ҳалли норасоии барқ аз таҷҳизоти барқдиҳандаи муосири офтобӣ таҷриба мекунанд.

Ин дастгоҳҳо иқтидори гуногун дошта, дар биноҳои Маркази саломатӣ ва Сехи дӯзандагии деҳа насб шудаанд.

Инчунин василаи дигар-обгармкунакҳои офтобӣ низ дар ин биноҳо ҷойгир карда шуда, баҳору зимистон бо истифода аз нӯри офтоб биноҳоро бо оби гарм таъмин мекунад.

Сокинони деҳаи Роғ хурсанданд, ки ин навгониҳои техникӣ  баҳри солимии аҳолии деҳа ва барои бо кор таъмин шудани занону духтарон кӯмак мекунад. Вале зиёда аз 300 хоҷагии дигари деҳаи Роғ ҳанӯз ҳам аз норасоии барқ азият мекашанд. Мувофиқи маълумотҳо, дар ҳудуди деҳа 5 нерӯгоҳи хурди обӣ мавҷуд буда, мардум ин нерӯгоҳҳоро худ бунёд намудаанд, ки ҳамагӣ то 150 Вт нерӯ дода метавонаду халос. Ба иттилои Исмоил Ҳоҷиев, нозири яке аз ин нерӯгоҳҳои хурд, давоми 43 соли умри худ боре ҳам қувваи кофии барқро дар деҳа надидааст. Замони шӯравӣ бо шамъу чароғи керосинӣ шабро равшан мекардем. Ин нерӯгоҳҳоро баъди солҳои 90 — ум сохтем, ки кори онҳо ҳам нокифоя аст».

Ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ зимистони тӯлониву сард, вале хушку офтобӣ дорад ва ба гуфти сокинони ноҳияи мазкур ин гуна обу ҳаво барои кори панелҳои офтобӣ бисёр мувофиқ аст.

Шодмон Кенҷаев

ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
Like
Love
Haha
Wow
Sad
Angry
Back to top button