1 июл имтиҳон! Шумо чӣ кор бояд кунед?

-Агар довталаб ҳастед ва тариқи кластерҳои 4-ум ва 5-ум муваффақ намешавед, ки донишҷӯ гардед, пас чӣ бояд кунед?

-Оё медонед, ки имсол чӣ қадар довталаб бо Шумо рақобат мекунад?

-Оё медонед, ки дар рӯзи имтиҳон бо худ чӣ гиред?

Оё медонед, ки дар имтиҳон ба Шумо чӣ қадар вақт дода мешавад?

 -Агар бо сабаби беморӣ дар рӯзи имтиҳон ҳозир нагардидед, оё ба Шумо имконияти дигар дода мешавад?

Барои дарёфти посӯх ба ин саволҳо мусоҳибаи моро бо Абдулбосит Шодиниё, ёвари директори Маркази миллии тестӣ мутолиа намоед.

 

-Теъдоди довталабон имсол чи қадар аст?

-Мувофиқи маълумоти омории то 30 апрел ҷамъоваригардида, барои иштирок дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ дар заминаи таҳсилоти миёнаи умумӣ (синфи 11-ум) ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ 91 ҳазору 504 нафар номнавис гардидаанд.

-Довталабони кластерҳои 4-ум ва 5-ум бештаранд. Чаро?

Ҳарчанд корҳои иттилоърасонӣ ва таблиғотро дар доираи имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ дар сатҳи зарурӣ ба роҳ мондаем, бо вуҷуди ин, баъзе мушкилот ё камбудӣ низ ҷой дорад. Яке аз ин мушкилот, аз тарафи довталабон кам ё нисбатан зиёд интихоб гардидани гурӯҳҳои ихтисосҳои алоҳида мебошад. Чун солҳои пешин, имсол низ аксари довталабон гурӯҳи ихтисосҳои 5-ум, яъне, тиб, биология ва варзишро интихоб кардаанд.

Шумораи умумии довталабони дорои таҳсилоти миёнаи умумӣ (синфи 11-ум)  ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ, ки гурӯҳи ихтисосҳои 5-ум  (тиб, биология ва варзиш)-ро интихоб намудаанд, нисбат ба нақшаи қабул 150 дарсад аст. Яъне, дар гурӯҳи ихтисосҳои 5-ум озмун барои як ҷой, якуним нафарро ташкил медиҳад.

Агар мо дар доираи гурӯҳи ихтисосҳои 5-ум ба ихтисосҳои алоҳида назар афканем, бинобар интихоби зиёд, озмун барои як ҷой аз рӯйи баъзе ихтисосҳо то 300 нафар рост меояд. Аз рӯйи серинтихобӣ дар ҷойи дуюм гурӯҳи ихтисосҳои 4-ум яъне, ҷомеашиносӣ ва ҳуқуқ қарор дорад.

Мутаассифона, чун солҳои пешин шумораи довталабони гурӯҳи ихтисосҳои 1-ум, яъне табиӣ ва техникиро интихобкарда нисбат ба шумораи ҷойҳои тибқи нақшаи қабул ҷудогардида ҳиссаи хеле камро ташкил медиҳад. Таносуби довталабон ва шумораи нақшавӣ 66,3 дарсадро ташкил менамояд. Яъне, озмун барои як ҷой дар доираи гурӯҳи ихтисосҳои 1-ум ҳатто як нафарро ҳам ташкил намедиҳад. Барои мисол, шумораи довталаб 14 ҳазору 261 нафар аст ва ҷойҳои нақшавӣ, ки довталаб қабул мегардад — 21 ҳазору 598 нафар. Агар шумораи довталабони зикргардида холҳои гузаришро соҳиб шаванд ва ихтисосҳои гуногунро интихоб карда бошанд, эҳтимоли донишҷӯ шудани онҳо хеле зиёд аст. Яъне, дар доираи гурӯҳи ихтисосҳои 1-ум имкони донишҷӯ шудан хеле зиёд аст. Чунки озмун барои як ҷой ҳатто як нафарро низ ташкил намедиҳад.

Аз рӯйи каминтихобӣ чун солҳои пешин дар ҷойи дуюм- гурӯҳи ихтисосҳои 2-юм (иқтисод ва география) қарор дорад. Таносуби шумораи довталабони номнависшуда дар доираи ин гурӯҳи ихтисосҳо ва шумораи ҷойҳои тибқи нақшаи қабул ҷудогардида ҳамагӣ 79, 46 дарсадро ташкил медиҳад. Аз ин омор бармеояд, ки озмун барои як ҷой як нафарро ҳам ташкил намедиҳад.

— Аз санаи якуми июли соли равон имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ оғоз мегардад. Имсол чи дигаргунае дар раванди имтиҳонҳо ё қабули ҳуҷҷати довталабон ба амал омад?

— Дар шакли имтиҳонсупорӣ имсол ягон тағйирот ё дигаргуние нест. Аз соли 2020 имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ тибқи тарҳи нави маҷмӯи фанҳои имтиҳонӣ ба роҳ монда шуд. Тибқи ин тарҳ барои довталабони таҳсилоти миёнаи умумӣ (синфи 11) ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ тавассути марказ супоридани танҳо як қисми имтиҳон пешбинӣ гардид. Солҳои пеш довтлабон тавассути марказ ду қисми имтиҳонро месупориданд. Қисми А — имтиҳони умумӣ ва қисми Б — имтиҳони ихтисос.

— Бо вуҷуди таъкидҳо, довталабон ба имтиҳон боз ҳам бо ашёҳое меоянд, ки наметавонанд вориди синфхона шаванд. Асосан довталаб бо худ дар имтиҳон чи бояд дошта бошад?

— Яке аз мушкилоте, ки дар рӯзҳои баргузории имтиҳонҳо кормандони марказҳои имтиҳонӣ бо он мувоҷҷеҳ мешаванд, ин ҷобаҷокунии  ашё ва таҷҳизоти дар имтиҳон мамнӯъ аст, ки довталабон бо худ меоранд. Агарчи ба ҳар як довталаб ёдошт дода шуда, дар ин ёддошт  дар бораи маводе, ки довталаб рӯзи имтиҳон бо худ гирифта метавонад, маълумот дода шудаст. Аммо рӯзи имтиҳон довталабон бо худ ашё ё таҷҳизотеро мегиранд, ки бо он вориди маркази имтиҳонӣ шуда наметавонанд.

Ҳамагӣ ду ҳуҷҷат аст, ки довталаб бояд бо худ бигирад: ҳуҷҷати якум шиноснома ё ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсият бо расм, ки мақомоти ваколатдори давлатӣ додааст. Ҳуҷҷати дуюм -даъватнома аст, ки марказ ба ҳар довталаб дастрас кардааст.  Довталаб рӯзи имтиҳон бояд ҳамин ду ҳуҷҷатро дошта бошад.

Дар баробари ин ду ҳуҷҷат, довталаб бо худ ду дона ручкаи рангаш сиёҳ бояд дошта бошад. Ҳамчунин ба довталаб иҷозат дода мешавад, ки бо худ дар зарфи шаффоф об дошта бошад. Воридсозии дигар ашё ва лавозим ба маркази имтиҳонӣ манъ аст. Аз ин лиҳоз хоҳиш менамоем, ки талаботро дар вақти ҳозиршавӣ ба маркази имтиҳонӣ риоя намоянд. Зеро, дар маркази имтиҳонӣ ҷобаҷокунии ашёи ғайр мушкилот маҳсуб ёфта, ин раванд боиси пайдо шудани навбат барои воридшавӣ ба маркази имтиҳонӣ мегардад.

 

-Аз эҳтимол дур нест, ки боз ҳам миёнравҳое пайдо шуда, довталабони нокомро фиреб диҳанд, ки дар факултаи дилхоҳат дохил мекунем. Ин то чанд фисад имконпазир аст?

-Дар имтиҳонҳои дохилшавӣ кафили ягона барои донишҷӯ шудан донишу малака ба ҳисоб меравад. Дигар ҳеҷ кас ва ҳеҷ чиз дар ин раванд ба довталаб кумак карда наметавонад.

— Агар довталаб аз рӯйи кластери чаҳорум натавонад ба тақсимот роҳ ёбад. Пас чи коре кунад. Яъне, аз тариқи дигар кластерҳо имкони донишҷӯ шуданро дорад?

— Довталабе, ки бинобар соҳиб нашудан ба холҳои гузариш аз як ё якчанд субтест ба озмуни тақсимот роҳ наёфтааст, дигар ҳуқуқи иштирокро  на дар тақсимоти асосӣ дорад ва на дар тақсимоти такрорӣ.

Аммо агар  довталаб холҳои гузаришро аз ҳамаи субтестҳои дахлдор соҳиб шуда, бинобар пасттар будани балҳои бадастовардааш дар озмуни тақсимот комёб нагардад, дар ин сурат ба ӯ ҳуқуқи иштирок дар озмуни тақсимоти такрорӣ дода мешавад.

— Аъзои оилаи довталаб мисли пешин метавонанд рафори довталабро дар маркази имтиҳонӣ аз тариқи камераҳо мушоҳида намоянд?

— Яке аз хусусияти имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ин додани имконият ба падару модар ва дигар наздикони довталаб аст, ки раванди имтиҳонро мушоҳида намоянд ва ин як барарияти низом ба ҳисоб меравад. Бо ин роҳ мо метавонем дар бораи шаффоф будани раванди имтиҳонҳо маълумот диҳем.

— Барои як довталаб дар имтиҳон чи қадар вақт дода мешавад?

— Мувофиқи тарҳи нави маҷмӯи фанҳои имтиҳонӣ вақти имтиҳонсупорӣ вобаста ба гурӯҳи ихтисосҳо муқаррар карда шудааст. Албатта ин яке аз бартариятҳои тарҳи нави маҷмӯи фанҳои имтиҳонӣ ба ҳисоб меравад. Қаблан чунин набуд ва вақти якхела барои ҳама дода мешуд.

Ҳангоми таҳияи тарҳи нав тасмим гирифта шуд, ки вақти барои имтиҳон ҷудошуда бо назардошти шумораи саволу масъаллаҳо ва ҳамчунин равияи фанҳо муқарар карда шавад. Барои довталабони гурӯҳи ихтисосҳои якум 220 дақиқа ҷудо карда мешавад. Барои довталабони гурӯҳи ихтисосҳои  дуюм 200 дақиқа дода мешавад. Барои довталабони гурӯҳи ихтисосҳои сеюм ва чорум  вақти ҷудогардида 190 дақиқа аст.

-Оё кори хаттӣ ба рӯйхати имтиҳонҳои дохилшавӣ баргардонида мешавад?

-Барои ҷорӣ кардани кори хаттӣ дар шакли эссе дар доираи имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ тибқи супоришҳои ҳукумат аз тарафи марказ ва Вазорати маориф ва илм албатта як қатор корҳои зарурӣ анҷом дода шудаанд. Бо дастгирии Институти ҷамъияти кушода “Бунёди мадад” як дастури махсус барои хонандагон таҳия гардидааст ва ҳамчунин дар лоиҳаи тартиби гузаронидани имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти  миёна ва олии касбӣ, ки айни замон дар баррасии ҳукумат қарор дорад, масъаллаи ҷорӣ кардани кори хаттӣ ба назар гирифта шудааст. Дар баробари ин, дар муассисаҳои таълимӣ низ ҳамасола як қатор имтиҳонҳои озмоишӣ мегузаронем ва тибқи нақшаи марказ бояд дар муассисаҳои таълимӣ озмоиши кори хаттӣ гузаронида шавад. Агар имконият пайдо намоем, моҳҳои сентябр ин корро анҷом медиҳем. Баъди анҷоми корҳои озмоишӣ барои қабули қарори дахлдор дар доираи имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба  мақомоти дахлдор пешниҳод ироа хоҳад шуд.

-Агар як нафар бо сабаби беморӣ дар рӯзи имтиҳон ҳозир нагардад. Имкон дорад, ки дар вақти дигар имтиҳонро супорад?

-Барои он нафароне, ки марҳалаи  асосии бақайдгирӣ, яъне, аз 1 март то 30 апрел худро номнавис карда, аммо бо сабабе дар даври асосии имтиҳонҳо, ки аз 1 июл шурӯъ мегардад, иштирок карда наметавонанд, як даври иловагии дигар пешбинӣ гардидааст. Агар довталаб ба чунин ҳолат (бемор мешавад ё яке аз пайвандонашро аз даст медиҳад) рӯ ба рӯ гардида, дар даври асосии имтиҳонҳо, имтиҳони дахлдорро супурда натавонад, бояд ба марказ ё бахши минтақавии он ариза пешниҳод намояд.

-Ташаккур барои иттилои муфид!

-Саломат бошед!

Мусоҳиб:  С. Кабиров

ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
Like
Love
Haha
Wow
Sad
Angry
Хабари баъдиро пайгирӣ кунед!
Close
Back to top button