Роботи забондону гаҳвораи аллагӯи Исломҷони 16-сола

Исломҷон Ҷалилови 16-сола сокини шаҳри Бохтари вилояти Хатлон аробачаи маъюбӣ ва бесарнишину гаҳвораи ғайриодиро ихтироъ кардааст.

Корашро аввал аз қоғазпораҳо шурӯъ кард ва ҳоло офаридаҳояш амалан ҳаракат мекунанд. Ба қавли худаш чизҳоеро офаридааст, ки ба нафъи ҷомеа ҳастанд.

Аввалин ихтирои ӯ, асбоби шамолдиҳӣ буд, ки онро дар синфи чорумӣ сохта ва ба муаллимааш ҳадя кардааст.

Ӯ ҳоло хонандаи синфи 9-и муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №2- и шаҳри Бохтар буда, дар  озмунҳои зиёди ихтироъкорони шаҳрӣ, вилоятию ҷумҳуриявӣ иштирок карда, сазовори ҷойҳои ифтихорӣ гардидааст.

Гавҳорае, ки Исломҷон сохтааст, худаш ҳаркат карда, суруди алла мехонад:

“Ин гавҳора ба модарон хеле кумак мерасонад, яъне, модар кӯдакро дар гаҳвора мегузорад ва аз пайи кори худаш мешавад. Ҳар чизе, ки офаридам идеяи худам аст ва аз интернет ҳеҷ ғояеро нагирифтаам.”,-мегӯяд Исломҷон Ҷалилов.

Роботи сохтаи ин наврас бо се забон- тоҷикӣ, англисӣ ва русӣ гап мезанад. Ҳангоми партофтани партов робот ба онҳо ташаккур мегӯяд, ки ба қавли Исломҷон Ҷалилов ин як роҳи ҳавасмандгардонии кӯдакон барои тоза нигоҳ доштани муҳити зист аст.

Барои шахсони имконияташон маҳдуд, ки тавони роҳ рафтан ва ё бо даст ҳаркат карданро надоранд, аробачаи маъюбӣ сохтааст. “Аробачаи офаридаи ман аз дигар аробачаҳо бо он тафовут дорад, ки шахси маъюб бидуни ягон ҳаракат онро истифода бурда метавонад. Дигар ниёз ба чизе ё ба касе намемонад.”,- гуфт Ҷалилов.

Мусоҳиби мо соли 2018 дар озмуни ҷумҳуриявии Ихтироъкорон, ки дар шаҳри Душанбе баргузор гардид, аз миёни 408 иштирокчӣ ҷойи аввалро соҳиб шуд.

Ин муваффақияти аввалияти ӯ набуда, дар озмунҳо дигар низ пирӯз шудааст. Исломҷон Ҷалилов мегӯяд, ҳар рӯз зимни ба мактаб  рафтан дар бораи сохтани ашёе фикр мекунад ва дар вақти холигӣ онҳоро амалӣ мегардонад.

Амонҷон Муҳиддинов

ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
Like
Love
Haha
Wow
Sad
Angry
Back to top button