Гӯшт 55 сомонӣ-иқдоми рамазонӣ

Қимати як кг гӯшти гов дар бозорҳо аз марзи 65 сомонӣ убур карда то ба 70 сомонӣ мерасад. Аммо қассоб бо номи Меъроҷиддин Ҳотамов аз Панҷакент дар моҳи Рамазон иқдом кардааст, ки бо поён бурдани қимати гӯшт кумаке барои сокинони ин шаҳр намояд.
Рустам Шеров як сокини ин шаҳр, ки аз дукони мазкур гӯшт харидорӣ мекард, мегӯяд, боло рафтани қимати гӯшт ҳамасола дар моҳи Рамазон сурат мегирад ва ин як амали сунъӣ аст. Зеро қимати ҷаву кунҷора ба андозаи 15-20 сомонӣ боло нарафтааст то ба гароншавии гӯшт сабаб гардад.Хуршед Фозилов