300 миллион аз Наврӯз таҷлил мекунанд

Наврӯз

“…Барои он ки як ҳодиса ба ид табдил ёбад, чизе аз берун бояд ба он илҳок шавад ва он чиз метавонад ҷанбаи маънавӣ ё идеологии он бошад. Он бояд ҳукми ивозатро аз олами моварои табиӣ бо шароити ба худ хос касб кунад ва мақсад (ғоя)-ҳои олии ормонҳои инсониро дар он биғунҷонад. Иди мардумии Наврӯз аз уҳдаи чунин амал баромадааст. Аз ин рӯ, он ҳақиқатан навшаванда, барпошаванда. тағйирёбанда, поянда ва ояндаи интиҳонопазир дорад.” (Бах-тин М. М. Творчество Франсиса Рабле и народная культура средневекового ренессанса. М., 1990).

Раҳбари СММ дар Наврӯзи соли 2012 аз ҳамагӣ даъват карда буд, ки Наврӯзро якҷоя ҷашн гиранд ва ба ин васила, як ҷомеаи бехатар, осоишта ва одилонаи ҷаҳонро бунёд кунанд. Дар ин баёния таъкид шуда буд, ки 300 миллион нафар дар сайёраи мо иди байналмилалии Наврӯзро таҷлил мекунанд.

Чи гуна Наврӯз байналмилалӣ шуд?

23 феврали соли 2010 Ассамблеяи Генералӣ 21 мартро ҳамчун Рӯзи байналмилалии Наврӯз эътироф кард. Дар худи ҳамон ҷаласа, Ассамблеяи Генералӣ аз қарори ЮНЕСКО (аз 30 сентябри соли 2009) дар бораи шомил кардани Наврӯз ба Рӯйхати намояндагии мероси ғайримоддии фарҳангии башарӣ истиқбол кард.

Қатъномаи 64-уми А Ассамблеяи Генералии СММ

 

A/RES/64/253 Принята без голосования A/64/L.30/Rev.2 + Add.1 23 февраля 2010 года A/64/PV.71 Международный день Навруз

 

Ассамблея инчунин давлатҳои манфиатдор, Созмони Милали Муттаҳид, алахусус муассисаҳо, хазинаву барномаҳои махсуси дахлдори онро, инчунин ташкилотҳои ғайриҳукуматиро даъват намуда буд то чорабиниҳои наврӯзии давлатҳои таҷлилкунандаи ин ид ширкат намоянд.

Ба феҳрести ҷаҳонии осори фарҳангӣ дохил шудани Наврӯзи хуҷастапай воқеаи муҳимме дар ҳаёти фарҳанги башарӣ буда, ба ҷуз Тоҷикистон, Озарбойҷон,  Қазоқистон, Туркманистон, Қирғизистон, Ӯзбекистон,  Албания, Косово, Афғонистон ва Эрон дар чандин кишвари дигар аз Наврӯз таҷлил мешавад.

Ҳоло дар Хитойи Ғарбӣ (Урумчй, Кошғар ва Ёрканд), Покистони Шимол, (Ганза ва Гилгит), байни форсҳои Ҳинд, курдҳои Ироқу Сурия, дар Гурҷистон, Занзибар (дар Африка) Наврӯз ҷашн гирифта мешавад.

Дар баъзе кишварҳо мисли Канада (30 марти 2009) ва ИМА (15 марти 2010) Наврӯзро ҳамчун бахше аз маросимҳои ҷашнӣ қайд кардан иҷозат дода шудааст. Баъди ҷаҳонӣ шудани Наврӯз соли 2010 дар Фаронса карор қабул карда шуд, ки ҳар сол дар аввалин якшанбеи баъди 21 март ин иди байналхалқӣ дар майдони Террокадро ва майдонҳои дигари шаҳрҳои бузурги Аврупо таҷлил шавад.

Тибқи маълумоти расмӣ Наврӯз ҳоло дар 11 кишвари ҷаҳон ҷашни расмии миллӣ бо рӯзҳои истироҳат ба шумор меравад. Афғонистон — 21 март; Эрон — аз 20 то 23 март; Озарбойҷон — аз 20 то 26 март; Қазоқистон — аз 21 то 24 март; Тоҷикистон — аз 21 то 25 март; Туркманистон — аз 20 то 23 март; Қирғизистон ва Ӯзбекистон — 21 март; Албания (Рӯзи Баҳор) — аз 20 то 23 март; Косово — 21 март рӯзҳои истироҳат аст.

Наврӯз дар таърих

Маънои луғавии Наврӯз соли нав, сари сол аст ва он қадимтарин ҷашни мардумии ориётаборон, аз ҷумла тоҷикон мебошад, ки ба рӯзи аввали солшумории шамсӣ — 1-и фарвардин (аввали ҳамал, 20/21 марти солшумории милодӣ) рост меояд.

“Чун Наврӯз бар забари ҳамаи ҷашнҳои миллии эронитаборон қарор дорад ва қариб тамоми ҷашнҳои дигари мо баста ба онанд, ҳамеша дар навбати аввал аз он ёд мекунем. Ҳар мардум дар тӯли таърих ҷашнҳои зиёде доштааст, ки ба ин ё он ҳодисаи таърихӣ, иҷтимоию сиёсӣ ва фарҳангӣ бахшида шудаанд. Пайдоишу ташаккули онҳо шомили ривояту устура, бовару андешаҳои мардумӣ, урфу одат ва суннату анъанаҳои миллӣ ме-бошад. Онҳо дар тӯли ҳазорсолаҳо сайқал ёфта, устураҳои комили офариниш, боварҳои динӣ, фазилатҳои ахлоқӣ, масоили кайҳоншиносӣ, назарияи ҷаҳоншиносӣ, силсилаи расму ойинҳо ва маросим-ҳоеро ба вуҷуд овардаанд, ки ҳувияти миллӣ ва асолати фарҳангии он миллатро дар худ таҷассум намудаанд.” (Донишномаи “Фарҳанги мардуми тоҷик”, ҷилди 3)

Аз назари илми ситорашиносӣ ҳамагонӣ будани иди Наврӯз тамоман равшан аст: эътидоли баҳорӣ (баробар шудани шабу рӯз), ки Наврӯзи моро ҳусни оғоз бахшида, дар ҳама гуна солшумориҳои шамсӣ — аз тақвими Майа гирифта то таърихи Ҷалолӣ мазкур аст. Ин рӯйдоди астрономиро аҷдоди тоҷику эронӣ кашф накардааст (Онро бори нахуст ситорашиноси Юнони Қадим Ҳишарх илман шарҳ дода буду ҳайатшиноси араб Собит ибнн Қурра ҳамитарафа омӯхта). Сари сол ҳисоб кардани эхтидоли баҳорӣ ҳам пешниҳоди ҳеҷ як фарди ориёӣ набуд. Лекин маҳз хуросониён буданд, ки эътидоли баҳориро дар таркиби суннати маънавнашон ҷой дода,ба вай ҷомаи зарбофти фалсафию динӣ пӯшониданд.

Абурайҳони Берунӣ донишманд ва олими қарни даҳум дар китоби машҳури худ «Осору-л-боқия» аз забони Алӣ бинни Яҳё навиштааст, ки «Рӯзи Наврӯз ягона рӯзест, ки тағирнопазир аст» ва дар китобаш «Ал-тафҳим» менигорад, ки «нахустин рӯз аст аз Фарвардинмоҳ ва аз ин ҷиҳат нишонии соли нав аст».

Таҳниятгӯию номаҳои шодбошӣ ба якдигар дар Наврӯз як анъанаест, ки аз шаҳрванди оддӣ то сатҳи олӣ дида мешавад.

Имсол барқияҳои табрикӣ ба муносибати ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ  аз номи Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин, Шавкат Мирзиёев–Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон, Ҳасани Руҳонӣ–Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон, Муҳаммад Ашраф Ғанӣ–Президенти Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, Қосим–Жомарт Токаев–Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон, Илҳом Алиев- Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон, Садир Жапаров, Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон, Гурбонгулӣ Бердимуҳамедов–Президенти Туркманистон, Саломе Зурабишвили–Президенти Грузия, Реувен Ривлин –Президенти Давлати Исроил ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон расид.

Муаллиф: Одина Маҳмад

ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
Like
Love
Haha
Wow
Sad
Angry
Хабари баъдиро пайгирӣ кунед!
Close
Back to top button