Мо метавонем: хӯрондему пӯшондем ва оиладор намудем

Кумакхоҳии хонаводаҳои маъюбу эҳтиёҷманд аз ташкилотҳои ҷамъиятӣ вақтҳои охир афзудааст.

Ба ҷуз маводи ғизоиву пӯшока, гурӯҳе аз ин қишри ҷомеа дар анҷоми маъракаҳои тӯйи арӯсию домодӣ ва хатнаи фарзандон пуштибонӣ мехоҳанд.

Бо чунин арз даҳҳо хонавода тӯли чанд моҳи ахир аз Ташкилоти ҷамъиятии хайриявии маъюбон “Мо метавонем” муроҷиат кардаанд. Мафтуна Ҷумаева, раиси комиссияи тафтишоти ин ташкилот мегӯяд, дар пайи зиёд шудани теъдоди эҳтиёҷмандон, ки имкони баргузор кардани маъракаҳои хонаводагиро надорад, ташкилот дар анҷоми ин кори хайр дасти ёрӣ дароз мекунад. Вай мегӯяд, то моҳи сентябри соли 2021 ташкилоти “Мо метавонем” тасмим дорад 6 тӯйи арӯсию домодӣ ва 5 тӯйи хатнаи хонаводаҳои маъюбу камбизоатро барпо кунад. Оғози моҳи март бо дархости як хонавода аз ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, ташкилот ӯро хонадор кард.  

 “Ин домод дар хонаи модарбузургаш зиндагӣ мекунад, хонаву дар надорад. Ба бозори масолеҳи сохтмонии “Баракат” муроҷиат кардем ва онҳо барои таъмири хона бо масолеҳи сохтмонӣ кумак карданд. Барои сайругашти навхонадорон ва арӯсбиёрӣ шахсони хайрхоҳ бо нақлиёт кумак намуданд. Хароҷоти тӯй, ороиши тӯйхона, оростани дастархон аз ҳисоби фонди хайриявӣ буд.”

Ёрқиной Олимзода, яке аз пайвандони домод дар суҳбат ба мо гуфт, онҳо ин тӯйро ҳашт моҳ инҷониб интизор буданд. Вале аз сабаби нодорӣ натавонистанд ин маъракаро барпо кунанд. Падари хонавода вафот кардааст ва се фарзанд ҳамроҳи модар мондаанд.

Ёрқиной афзуд, ки хонаводаи домод зиндагии фақирона доранд, бинобар ин, аз ташкилоти “Мо метавонем” дар издивоҷи ҷавон кумак хостанд:

“Дар оила модараш аз ҳисоби фаррошӣ оиларо таъмин мекунад. Агар кумак намешуд, наметавонистем тӯй кунем. Шояд бо гирифтани қарз аз бонк анҷом медодем. Аммо бозгардонии қарз ва фоизи он сарборӣ ба ин хонавода мешуд.”

Масъулини ташкилот мегӯянд, аслан ҳадафи онҳо ҷамъоварии  маводи ғизоӣ ва пӯшока ва дастрас кардани он ба хонаводаҳои камбизоату маъюб аст.

Ба иттилои Мафтуна Ҷумаева, раиси комиссияи тафтишоти ташкилоти “Мо метавонем”, давоми як соли фаъолият, алакай 700 нафар аз маъюбону эҳтиёҷмандонро ба узвияти ташкилот пазируфтанд. Вай гуфт, дар соли 2020 чандин тӯйи хатнаи кӯдакон аз оилаҳои эҳтиёҷманду маъюбро, ки шароити молиявӣ надоштанд, анҷом доданд: 

“Боре чанд хонавода суол карданд, ки тӯйи суннатӣ доир мекунед, чунки мо шароит надорем.  Сараввал, ду кӯдаки маъюбро хатна кардем ва баъд тасмим гирифтем шумораро зиёд намоям. Дар ниҳоят ин омор ба 15 нафар расид.”

Қисми зиёди аъзои ташкилот маъюб мебошанд ва танҳо даҳ дарсади онҳо фақир ҳастанд. Мафтуна Ҷумаева, ташаббускори ташкилот худаш ба бозорҳои шаҳру навоҳии Бобоҷон Ғафуров, Панҷакент, Конибодом, Деваштич ва Хуҷанд меравад ва аз фурӯшандаву хайрхоҳон барои кумак ба ин қишри ҷомеа имдод мехоҳад.

Ҷумаева қисса кард, ки чи тавр ба аъзои ташкилоташ  маводи ғизоиву пӯшока ҷамъоварӣ мекунад:

“Ба бозорҳои шаҳру ноҳия меравам ба ҳар як тоҷир илтимос мекунам, ки онҳоро дастгирӣ кунанд. Бархе маводи хӯрока, онҳое, ки либоса мефурӯшанд, пӯшоку пойафзол медиҳанд. Ҳамаи ин маводҳоро аз бозорҳо оварда мо ба маъюбон тақсим мекунем. Мо либоси кӯҳна намедиҳем ҳарчанд аз фурӯш монда бошад ҳам дасти якум аст нав мебошад”.

Дар гузашта Мафтуна Ҷумаева омӯзгори фанни таҳлили тиҷорат дар яке аз мактабҳои олии шаҳри Хуҷанд буд. Акнун самти корашро тағйир дода ба нодорону маъюбон кумак мекунад. Вай мегӯяд, бо кумаки хайрхоҳон тавонистааст дили садҳо нафар аз эҳтиёҷмандонро шод ва то ҷойе барои беҳбудии зиндагияшон саҳм мегузорад. 

 Муаллиф: Ҳалимҷон Ҷураев

ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
Like
Love
Haha
Wow
Sad
Angry
Хабари баъдиро пайгирӣ кунед!
Close
Back to top button