Шероз Иброҳимов, донишҷӯи қирғизистонӣ дар Тоҷикистон забони тоҷикию чиниро омӯхт
Мусоҳиба

Дар баробари таҳсили ҷавонони тоҷик дар хориҷ аз кишвар, дар мактабҳои олии Тоҷикистон низ ҷавонони зиёде аз мамолики дигар таълиму тадрис мегиранд. Донишҷӯёни хориҷӣ дар кишвар бешакк, ба обрӯву эътибори Тоҷикистон таъсири мусбат гузошта, рафоқати онҳо ба ҷавонони тоҷик решаҳои дӯстии миллати тоҷикро бо миллатҳои дигар, махсусан шаҳрвандони давлатҳои ҳамсоя мустаҳкамтар хоҳад кард.
Аз Ҷумҳурии Қирғизистон, ки бо мо ҳамсарҳад аст, ҷавонони зиёде дар Донишгоҳу Донишкадаҳои кишвари мо, дар риштаҳои гуногун таҳсил мекунанд. Шероз Ибрагимов (Иброҳимов), шаҳрванди ин кишвар ҳамсоя яке аз онҳост. Шероз муддати 5 сол аст, ки дар Тоҷикистон аст. Пас аз 4соли таҳсил дар факултети Осиё ва Аврупои ДМТ бо ихтисоси хитоӣ- тоҷикӣ –тарҷумон корро дар меҳмонхонаи «Тоҷикистон» оғоз намуд. Ҳарчанд дар аввали таҳсил дар Донишгоҳ аз сабаби надонистани забони тоҷикӣ душворӣ кашид, вале тарки таҳсил накард. Забони тоҷикиро дар муддати кӯтоҳ аз худ намуда, ҳоло бе ягон душворӣ бо он суҳбат мекунад. Ӯ мегӯяд, забони хитоиро низ маҳз дар ДМТ омӯхтааст. Дар Тоҷикистон таҳсил кардан ва боз забони хитоиро омӯхтан барояш ягон душвориеро пеш наовардааст. Мо суҳбати кӯтоҳе бо Шероз Ибрагимов дар Боғи Устод Рудакӣ доштем, ки ишурдаи он пешкаш мешавад.
МусоҳибаМуаллиф: Шоҳсанам Қурбонова