
Саидҷон Асророви 17-сола бо ҷамъе аз дӯстонаш дастгоҳеро сохтаанд, ки ҳавои атрофро аз вируси COVID-19 ва дигар бактерияҳо безарар мегардонад. Онҳо дастгоҳи мазкурро AirFrash ном ниҳодаанд.
Кори дастгоҳ содда буда, ҳавои атрофро ба худ кашида, дар давоми як чанд соат муҳити хонаро аз вирусҳо тоза менамояд.
AirFrash дар як соат 3 метри мукааб ҳаворо аз вируси COVID-19 ва дигар бактерияҳо безарар мегардонад. Дар таҳҷизот лампаҳои ултрабунафш насб гардидаанд, ки баъди ворид шудани ҳаво ба дастгоҳ лампаҳои ултрабунафш онро безарар менамояд. Ёдовар мешавем, ки лампаҳои ултрабунафш азбайнбарандаи вирусҳо ва бактеряҳо маҳсуб мешаванд.
Ахиран таҳҷизот дар озмуни Маркази Амрикоӣ дар шаҳри Хуҷанд сазовори ҷойи намоён гардид.
Саидҷон Асроров мегӯяд, теъдоди онҳое, ки бо ӯ рақобат каданд, наздики 50 нафар буд:
-Дар озмун 48 нафар рақобат намуданд. Хушбахтона, ба гурӯҳи мо муяссар гардид, ки мақоми ифтихорӣ-ҷойи аввалро дар озмун ишғол намоем… Чунин таҳҷизот дар хориҷ низ вуҷуд дорад, вале арзишаш гарон аст. Бар замми ин, ҳинни вориднамоӣ ба кишвар боҷи гумрукӣ ва дигар хароҷотҳо илова мегардад.
Вақте мо онро дар интернет пайгирӣ намудем, қимати чунин таҷҳизот дар хориҷ беш аз 1000 доллар буда, Airfresh — и мо 500 сомонӣ арзиш дорад. Таҷҳизоти мо, ки бо дастгирии Ташкилоти ҷамъиятии «Пешсаф» сохтем, натанаҳо вирусҳоро аз байн мебарад, балки ҳаворо хушк накарда, безарар мегардонад. Ба саломатии инсон зиён надошта, онро метавонем дар ҳуҷраҳои корӣ гузорем. Дар манзили шаҳрвандон низ истифода аз он безарар буда, новобаста аз синну сол ба касе таъсири манфӣ намерасонад. Зеро, лампаҳои ултрабунафш дар қуттӣ ҷой гардида, нури он ба фазо паҳн намешаванд.
Лампаҳои ултрабунафш ба чашм зарар дорад!?
Асосан лампаҳои ултрабунафшро дар беморхонаҳо барои безарар гардонидани ҳуҷраҳо истифода мебаранд. Духтурон ҳангоми равшан будани лампаҳо кори худро қатъ карда аз ҳуҷраҳо берун мешаванд. Зеро ба чашм зиён дорад. Airfresh -и мо бошад қулаю безарар мебошад ва пӯшида будани он намегузорад, ки нурҳои ултрабунафш дар берун паҳн шуда, ба саломатии инсон зарар расонад. Таҳҷизот имкон медиҳад, ки истифодабаранда ҳинни фаъол будан низ аз бино берун нагардида, ба фаъолияташ идома диҳад,- мегӯяд Зикриллохон Шарипов, донишҷӯи муассисаи тиббӣ дар ш. Маскав буда, узви тими Саидҷон Асроров мебошад.
Ин таҷҳизоти аввали ӯ набуда, аз ҷумла, дастгоҳи безараргардонии дастон аз ҳар гуна бактерияро бидуни шӯстан бо собун ва дигар моеъи зиддивирусӣ сохта буд.
Саидҷон Асроров нақша дорад, ки Airfresh -ро такмил намуда, истеҳсоли васеи онро дар кишвар ба роҳ монда, ҷойҳои нави корӣ таъсис дода, маҳсулоташро ба хориҷ содир намояд. Мо низ дар ин самт ба Саидҷон муваффақият орзумандем.
Муаллиф: Бахтиёр Комилов